Ҳабси 4 корманди собиқи “Амонатбонк” барои тасарруфи пули шиносномаҳои хориҷӣ

Додгоҳи пойтахт чор корманди Бонки давлатии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро барои сохтакорӣ ва азхудсозии миллионҳо сомонӣ равонаи зиндон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш имрӯз гуфт, кормандони “Амонатбонк” зимни як санҷиши муштарак бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шуъбаи шиносномадиҳию бақайдгирии аҳолии  Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии шаҳри Душанбе боздошт шуданд.
Раиси "Амонатбонк" дар бораи қаллобии се миллионии кормандаш: "мо зиён надидем"
Ба иттилои манбаъ, давоми солҳои 2017-2019 кормандони филлиалҳои 06 ва 07 “Амонатбонк” дар навоҳии Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт Аширов, Хушвахтов ва Камолзода дар асоси маслиҳати пешакӣ бо корманди ғайриштатии Толибов беш аз 43 ҳазор расидҳои бонкиро сохтакорона омода намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо бо ин роҳ 12, 4 миллион сомонӣ маблағи пардохти 15 ҳазору 730 адад шиносномаҳои хориҷии биометриро тасарруф намудаанд.
Султонзода гуфт, дар пайи ин ҳодиса нисбат ба боздоштшудаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шуда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Сару садоҳо атрофи боздоштҳои кормандони “Амонатбонк” кам нестанд.
 Қаблан додситонӣ аз боздошти Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории "Амонатбонк", хабар дода буд, ки бо бародарон Ғуломовҳо, ки чанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул будаанд.
Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ин мақомдор ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.
Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шуд
Манбаъ гуфт, бо мусоидати ӯ, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону 982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо”  3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (287 ҳазору 797 доллар) гирифтааст.