Душанбе аз сарбозони кушташуда дар Афғонистон ёд кард: 11 акс аз маросими поси хотири онҳо

Дар Тоҷикистон маросими ёдбуди сарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон вориди майдони набард буданд ва ҷон аз даст доданд, баргузор шуд
Sputnik
Ҳамасола, рӯзи 15 феврал Ёдбуди сарбозон - интернатсионалистон баргузор мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз, дар соли 1098 сарбозони Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк карданд.
Дар он рӯз генерал-лейтенант Борис Всеволодович Громов аз бронетранспортер ҷаҳида, купрукро убур намуд, ки он ҳамчун рамзи убур аз дарёи сарҳадии Амударё ҳисобида мешуд.
Пойгоҳи 201 хотираи сарбозони кушташуда дар Афғонистонро гиромӣ дошт
Ин чорабинӣ барои Иттиҳоди Шӯравӣ хотима ёфтани ҷанги Афғонистонро, ки нӯҳ сол тӯл кашид ва ҷони беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони Шӯравиро гирифт, нишон дод.
Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, сарбозони интернатсионалист қадрдонӣ карда шуданд.
Ин чорабинӣ ба хотири сарбозони рус, ки дар хоки афғонистон ҷанг карда, қурбон шуданд, гузаронида шуд.
Нахуст дар машқгоҳи Лоҳур фармондеҳии 201-уми Русия ҳамроҳ бо хизматчиёни ҳарбии қисми иктишоф ба собиқадорони ҷанг усули тайёрии ҷангӣ нишон дод.
Аз ҷумла, дар шароити кӯҳӣ, низомиён маҳорати роҳбарӣ ба убур кардани нишебҳоро нишон доданд.
Сари як пиёла чой: низомиёни рус куҳансарбози 109-солаи тоҷикро хабар гирифтанд - навор
Пас аз баргузории чорабиниҳо дар майдони тамрин, собиқадорон аз осорхонаи ҳарбии Пойгоҳи 201 дидан намуданд. Нимаи дуюми рӯз, хизматчиёни ҳарбӣ маҷмааи ёдгории Қаҳрамонони пойгоҳи низомии 201-ро зиёрат карда, дар назди оташи ҷовидон гул гузоштанд.
Ба ёди қурбониёни Афғонистон як дақиқа сукут эълон шуд.
1 / 10
Гиромидошти хотираи сарбозони кушташуда, рӯзи 15 феврал баргузор шуд
2 / 10
Маҳз дар ҳамин рӯз, дар соли 1989 низомиёни Шӯравӣ хоки афғонистонро тарк карданд
3 / 10
Маросими ёдбуди онҳо дар ҳудуди Пойгоҳи 201 - уми Русия мустақар дар Тоҷикистон доир шуд
4 / 10
Чорабинӣ бо ҳузури куҳансарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок карда, саломат баргаштанд, баргузор гардид
5 / 10
Дар ин маросим ба хотири қурбониён лаҳзаи сукут эълон шуд
6 / 10
Зимнан, дар назди оташи ҷовидон ба хотири сарбозони ҷон бохта гулу гулдастаҳо гузошта шуд
7 / 10
Илова бар ин, барои пос доштани хотири онҳо низомиёни ҷавон сурудхонӣ мекарданд
8 / 10
Назди оташи ҷовидон гулчанбар ҳам гузошта шуд
9 / 10
Ҳамчунин куҳансарбозон аз ҳаммаслакони худ ёд карда, назди оташи ҷовидон гул гузоштанд
10 / 10
Дар фарҷон ба куҳансарбозон осорхонаи Пойгоҳи 201 - уми Русия нишон дода шуд