Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Қариб як миллиард пули “Сомон Эйр”: Субҳонзода зарар аз коронавирусро гуфт

Икром Субҳонзода, мудири Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон, мегӯяд бар асари пандемия ва марзбандиҳо даромади корхонаҳои умури ҳавонавардӣ ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Субҳонзода гуфт, мусофирбарӣ, ки сарчашмаи асосии даромади бахши ҳавонавардӣ мебошад, соли гузашта коҳиш ёфт.
Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳо
Чун мусофирбарӣ кам шуд, мутаносибан даромади корхонаҳои соҳаи ҳавонавардӣ низ кам гардид, изҳор дошт Субҳонзода.
Вазир гуфт, Русия барои аз сар гирифтани парвозҳо чӣ шарт гузоштааст
Ӯ таъкид намуд, ки агар соли 2019 қисмати даромади корхонаҳои соҳаи ҳавонавардӣ ҳудуди 2 миллиард сомониро ташкил дода бошад, соли 2020 ин нишондод ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфт.
Ба гуфтаи раиси Ожонси ҳавонавардӣ, сарфи назар аз камшавии даромад, корхонаҳои бахш ягон кормандашонро ихтисору аз кор озод накарданд.
"На "Тоҷик Эйр", на "Сомон Эйр", на "Тоҷикаэронавигатсия" ва на Фурудгоҳои байналмилалии Душанбе ягон кормандро озод накарданд. Кормандон ба таътили бемузд бо хоҳиши худ ариза навишта равона шуданд, аммо ҷои корашон ҳифз шуд", - изҳор дошт Субҳонзода.
Дар мавриди гардиши пули "Сомон Эйр" хабар дода шуд, ки агар соли 2019 он беш аз 1 миллиард сомониро ташкил дода бошад, дар соли гузашта ба 937 миллион сомонӣ баробар шудааст.
Субҳонзода аз кори роҳбарияти "Сомон Эйр" тавсиф кард, ки ҳамагӣ бо 980 ҳазор сомонӣ зарар, соли 2020-ро ҷамъбаст кардааст.