ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, теъдоди асосии донишмандони даргузашта дар соли 2020 асосан аз 75-сола боло буда, касалиҳои дигар доштанд. Ӯ изҳор дошт, аз ҷумла 6 нафар узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли гузашта фавтиданд.
"Мо аз ҷавонон танҳо як нафарро аз даст додем, Шамсиддин Ҷалолов, ки 43 сол дошт. Дигар нафароне буданд, ки касалиҳои дигарро ҳам доштанд. То 80 ва 90-сола буданд ва албатта марг як чизи табиӣ аст, мефавтанд. Бевосита ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорем, ки аз бемории COVID-19 гузаштанд”, - изҳор дошт Раҳимӣ.
Ӯ афзуд, аксари бемороне, ки фавтиданд, дар хонаҳояшон дунёро падрӯд гуфтанд.
"Академикҳое, ки соли гузашта фавтиданд, касалиҳои қалбу қанд доштанд. Аз ҷумла Мусо Диноршоев касалии қанд доштанд. Аксар дар хонаҳо фавтиданд ва онҳое, ки дар беморхона даргузаштанд, ҳамагӣ се нафар ҳастанд”, - изҳор дошт Раҳимӣ.
Соли гузашта Тоҷикистонро чун бисёри кишварҳои дигар, пандемияи коронавирус фаро гирифт.
Вазорати тандурустӣ расман 30 апрели соли гузашта аз вуҷуди вируси СOVID - 19 дар Тоҷикистон хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, то моҳи январи соли ҷорӣ расман дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 10 январ то ҳол дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.