ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Чаро муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар Перм ба сар мебарад, дар пеши чашми фарзандони худ зани ҳомиладорашро ваҳшиёна кушт ва сипас дар кӯча хусурашро низ бо ҳамин тарз аз ҳаёт маҳрум кард. Нашрияи "В курсе.ру" тафсилоти нави ин ҳодисаи даҳшатборро ифшо намудааст.
Бар хабари манбаъ, муҳоҷири тоҷик дар як анбор, ки ба хусураш тааллуқ дошт ба аробакашӣ машғул будааст. Ҳамчунин номбурда ҳамроҳ бо зани марҳум ва фарзандонаш дар хонае зиндагӣ мекард, ки аз они волидони занаш буд.
Нашрияи аз қавли манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад, ки ҷавон пайваста аз хусури худ пул қарз мегирифт ва ҳар бор маблағро барнамегардонд. Илова бар ин, зиёд арақ мехӯрд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи даҳшатбор низ пас аз сар задани як муноқишаи оилавӣ рух дод. Хусури марҳумаш даъво доштааст, ки ҷавон аз уҳдаи таъмини оила худ намебарояд ва кори мекунад, ки ӯро аз Русия хориҷ кунанд. Ба ҳамин роҳ гӯё аз домоди худ халос шуданӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки интиқоли ҷасади падару духтар низ ба дарозо кашида шуд, ҳарчанд ҷамъияти Иттиҳоди тоҷикони Перм барои интиқол додани тобути онҳо ба Тоҷикистон ҳамаи корҳои лозимиро ба сомон расонда буданд.