Нигаронии Қоҳир Расулзода аз боздошти Абдулфаттоҳев ва ёддошти расмии Душанбе ба Маскав

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт дар робита бо боздошти Фурқат Абдулфаттоҳев ба ҷониби Русия ёддошт фиристодаанд ва қазияро таҳти назорат қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, боздошти Фурқат Абдулфаттоҳевро бо дархости ҷониби Қирғизистон дар ҷумҳурии Бошқирдистони Русия шарҳ дод.
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон
Ӯ гуфт, қазияи Фурқат Абдулфаттоҳев, ки муҳлати ҳабсаш дар ҷумҳурии Бошқирдистон тамдид шудааст, таҳти назорати ҷиддии Вазорати умури хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷӣ, аз ҷониби сафорат дар Маскав Ёддошти расмии ҷониби Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Русия супорида шуд.
Зикр шуд, ки инчунин Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, низ зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар Русия нигаронияшро аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон баён доштааст.
Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, пайгирӣ доранд, то қазияи боздошти Абдулфаттоҳев қонунӣ баррасӣ гардад ва барояш вакили дифоъ низ таъйин шудааст.
Мақомоти интизомии Русия бо дархости Қирғизистон шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон, Фурқат Абдулфаттоҳовро дар ҷумҳурии Бошқирдистон боздошт кардаанд. Қирғизистон аз тариқи пулиси байналмилалӣ бо таҳти таъқиб қарор додани Фурқат Абдулфаттоҳов муддаӣ шудааст, ки вай шаби 13 марти соли 2020 дар даргирии миёни сокинони деҳоти марзии ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ба сӯи қирғизҳо тирандозӣ кардааст. Наздиконаш ин иддаоро бепоя мехонанд.

Барои қатли тоҷикистониён дар марз кӣ ҷазо мегирад? посухи вазир

Дар нишасти матбуотӣ, рӯзноманигорон масъалаи ҷиноят ва ҷазоро ба миён гузошта аз вазири умури хориҷии Тоҷикистон суол карданд, ки барои куштану маҷруҳ кардани шаҳрвандон дар марз кӣ бояд ҷавоб гӯяд.
Интерпол шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд боздошт кард
Вазир гуфт, дар мавриди шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қатлу маҷруҳ сохтани шаҳрвандони Тоҷикистон даст доранд, сохтори марбутаи дуҷониба фаъолият доранд.
"Мо гуруҳи кориро аз ҷумлаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон ташкил кардем ва ҳамаи чунин қазияҳо дар чаҳорчӯби ин гуруҳи корӣ баррасӣ мекунанду нисбати гунаҳкорон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз мешаванду мавриди тафтиш қарор мегиранд", - изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Дар мавриди дахолати кишвари сеюм ба ҳалли мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, вазири умури хориҷӣ изҳор дошт, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамагуна тағйироти марзҳо бояд бо розигии халқҳои тарафайн бидуни дахолати кишвари сеюм сурат гирад.