ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш дар посух ба гаронии нархи чиптахо гуфт.
Ӯ гуфт, мо аз ширкати "Сомон Эйр" дархост намудем, ки нархномаҳоро бозбинӣ кунад, то ки арзиши билетҳо поин бурда шавад.
"Раҳбарияти "Сомон Эйр" тарифҳоро бозбинӣ намуда, сар аз моҳи декабри соли гузашта, ширкат арзиши билетҳоро аз 39-40 ҳазор рубл то ба 26-27 ҳазор рубл, яъне тақрибан ба андозаи 30% кам кард".
Субҳонзода гуфт, масъалаи поин овардани нархи чиптаҳоро на танҳо ба ширкати ватанӣ, балки ба ширкатҳои хориҷӣ аз ҷумла "Turkish Airlines" низ пешниҳод кардаанд.
"Масалан, "Turkish Airlines" моҳи феврал арзиши билетҳоро ба хатсайри Душанбе-Истанбул ба андозаи 25-35% поин бурд", - таъкид кард Субҳонзода.
Масъалаи арзиши гаронии нархи чиптаҳои парвозҳои чартерӣ дар замони пандемия борҳо ба вокуниши шадиди мусофирон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифта буд.
Мусофирон низ барои харҷи камтар, ба ватан аз тариқи Қирғизистон ва Ӯзбекистон ворид шуданд, ки ба коҳиши мусофирони ширкати ватанӣ оварда расонид ва як омили поин овардани нарх низ гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, дар пайи пандемия ва баста шудани марзҳо Тоҷикистон парвозҳои чартериро аз тобистони гузашта оғоз кард.
Ба иттилои директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ, соли гузашта ширкатҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба 300 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ кардаанд.