ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навкати ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, бо мақсади паст задани шаъну шараф даст ба тамаъҷӯӣ задааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда, 11-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:40-дақиқа, ба назди хонаи истиқоматии ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур омада, ба таҳдид кардан оғоз кардааст, ки агар 4 ҳазор сомонӣ надиҳад, робитаи ошиқонаи ӯро бо як зани 23-солаи деҳаи Навкат ошкор мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчун гарав боздоштшуда шаҳодатномаи техникии автомашинаи тамғаи "Дэу Дамас", ки ба ҷабрдида тааллуқ дорад, гирифтааст.
"Рӯзи 12-уми феврали соли 2021, тахминан соати 17:00, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен гумонбаршаванда ҳангоми гирифтани 2 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд”, - афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.