Путин ба ҷорӣ кардани молиёт барои ба кор гирифтани муҳоҷирон вокуниши мусбӣ нишон дод

Лоиҳаи пардохти маблағ аз ҷониби ширкатҳо барои кирояи коргарони хориҷӣ барои баррасӣ ба президенти Русия Владимир Путин фиристода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Масъалаи ҷорӣ кардани молиёти аксиз барои овардани муҳоҷирон дар сатҳи олӣ баррасӣ мешавад, иттилоъ медиҳад "Известия" дар истинод ба Юрий Трутнев.
Русия аз патенти муҳоҷирони меҳнатӣ 577 миллион доллар фоида гирифт
Ба гуфтаи вай, ин пешниҳод ба президенти Русия Владимир Путин пешниҳод гардид.
"Ин пешниҳод ба президент расонида шуд. Супорише феълан нест, мо онро интизорем, аммо вокуши Владимир Путин дар умум мусбӣ буд", - таъкид кардааст Трутнев.
Қайд мекунем, ки ин иқдом пеш аз ҳама барои ширкате дар Шарқи Дур пешниҳод шуда буд. Бо ин роҳ муаллифони тарҳ мехоҳанд имкониятҳои муҳоҷирон ва сокинони Русияро дар тарҳҳои сохтмонӣ ва дигар тарҳҳо баробар кунанд ва ҳамчунин иқтисоди минтақаро тақвият бахшанд.
Трутнев пешниҳод кардааст, ки кордиҳандагон молиёти аксизро барои ҳар як муҳоҷир пардохт кунанд ва он давра ба давра боло бардошта шавад.