"Амонатбонк": шикоят дошта бошед ба Маркази тамос занг занед

БДА "Амонатбонк" эълон доштааст, ки бо мақсади тавсеаи равобити бо мизоҷон дар ин бонк Маркази тамос таъсис ёфтаааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тибқи иттилои “Амонатбонк” Маркази тамос алакай фаъолият дорад ва се корманди он шабонарӯзӣ ба дархосту саволҳои шаҳрвандон посух медиҳанд.
"Амонатбонк": дар қабули кор ба занон афзалият медиҳем
“Дар оянда тасмим дорем, ки теъдоди кормандони марказро ба 10 нафар расонем”, — иттилоъ додааст “Амонатбонк”.
Бояд гуфт, ки  “Амонатбонк”  яке аз бонкҳои низомсози кишвар ба ҳисоб рафта, ба 22 ҳазор корхонаю  ташкилот, 750 ҳазор нафақагири  мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беш аз 1,7 миллион пасандозгузор  аз тариқи 75 филиал ва 546  марказ дар сатҳи хубу сифати баланд хизмат мерасонад.
Дороии “Амонатбонк” дар авохири соли гузашта,  4,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2019 19,4  фоиз беш аст.
Илова бар ин,  соли гузашта сармояи “Амонатбонк” 6,8 фоиз  афзоиш ёфта,  ба 458 миллион сомонӣ  баробар шуд. Даромади софи бонк 51,3 миллион сомониро ташкил дода,  дар муқоиса ба соли 2019-ум  22 фоиз зиёд гардид.
Раиси «Амонатбонк» гуфт, ки бонк соли 2020  ба буҷети давлатӣ  96,3  миллион сомонӣ  андоз пардохт намуд. Ин нишондиҳанда низ  дар қиёс ба соли 2019-ум  15,7 миллион сомонӣ (19,5 фоиз) зиёд аст.