400 сомонӣ кумакпулиеро, ки Президент дар пандемия ваъда кард, киҳо гирифтанд?

Дилмурод Давлатзода, мудири Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, тавзеҳ дод, ки кумакпулии яквақтаинаро, ки раисиҷумҳур дар замони пандемия ваъда карда буд, киҳо гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Давлатзода гуфт, бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба табақаҳои осебпазир дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба ҳар ниёзманд кумакпулии якдафъаина супорида шуд.
Коргурезӣ: ноиби вазир гуфт, имтиёзҳои ваъдагӣ ба омӯзгорони ҷавон амалӣ намешаванд
Ӯ афзуд, ки ба ин рӯйхат аз ҷумла маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ, ятимон ва кӯдакони аз саробон маҳрумшуда шомил гардида, дар маҷмуъ ба 265 ҳазору 749 эҳтиёҷманд ба маблағи 400 сомонигӣ, дар маҷмӯъ 107,1 миллион сомонӣ кумакпулии якдафъаина пардохт шуд.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои  пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ қарори махсусро имзо карда буд.
Ҳукумат тасмим гирифта буд, ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохил мешаванд, ба андозаи як музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дастур гирифта буд, ки аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати  Тоҷикистон гузориш диҳад.