ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани ҷинояте хабар медиҳад, ки расо 26 сол қабл сурат гирифта буд.
Ба иттилои манбаъ, ҷинояти мудҳишро яке аз аъзоёни гурӯҳи силобадастони Юнусов Нозим маъруф ба номи Эшони Нозим дар соли 1995 содир кардааст.
Гуфта мешавад, марди 56-сола, сокини ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат, ки он замон 30 сол дошт, ва шомили гурӯҳи силоҳбадастони Эшони Нозим буд, рӯзи 12 октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 дақиқа зани 59 соларо аз ҳаёт маҳрум намудааст.
Манбаъ меафзояд, номбурда ба хонаи ин зан, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ромити даромада, аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калашников ба қатл расондааст.
Вуд Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.