ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супориш додааст, ки ба эмкунии шаҳрван алайҳи маризии коронавирус шурӯъ кунанд.
Бар хабари расонаҳои он кишвар, Мирзиёев рӯзи 10 феврал амр додааст, ки давоми як моҳ рӯйхати электронии сокиноне, ки ваксинаи зидди коронавирус дарёфтмекунанд, тартиб дода шавад.
Феълан маълум нест, чӣ миқдор ва кадом навъи ваксинаҳо ба Ӯзбекситон ворид мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Мудири озмоишгоҳи вабо дар Маркази ҷумҳуриявии пешгирии вабо, карантин ва сироятҳои хатарноки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон Маъруфҷон Мадаминов гут, ки Ӯзбекистон дар самти эмгузаронии сартосарӣ ба ягон мушкилӣ рӯбарӯ намешавад.
Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон дар гузаронидани маъракаҳои эмгузаронӣ таҷрибаи бой дорад.
"Кишвари мо аз бемориҳои чун, полиомелит, сурхак, дифтерия ва ғайра озод шинохта шудааст. Ин ҳама аз ҳисоби эмгузарониҳои оммавӣ ба амал омадааст", - шарҳ дод роҳбари озмоишгоҳи вабо.
Мадаминов гуфт, ҳоло дақиқан маълум нест, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон аз кадом намуди ваксина эм мешаванд. Ба таъкиди ӯ, Ӯзбекистон ҳоло ҳам ваксинаи Русия, ва ҳам аврупоию чиниро мавриди омӯзишу баҳодиҳӣ қарор додааст.
"Агар, масалан, ваксинаи Русия ба кишвар омада бошад ва шахсе мехоҳад бо ваксинаи чинӣ эм карда шавад, вай метавонад интизор шавад. Интихоби озод аст ва касеро маҷбур намекунем", - илова намуд ӯ.
Аммо Мадаминов мегӯяд, барои Ӯзбекистон ваксинаи сохти Русия наздиктар аст, зеро бо таркиби он хуб шинос ҳастем ва ҳамчунин арзиши он ва интиқол додани ин ваксина ба Ӯзбекистон осонтар аст.