ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Ба иттилои Зувайдзода, зимистони имсола бори дигар собит намуд, ки дар масъалаи гармкунии манзил ва муассисаҳои тандурустию таълимӣ танҳо ба неруи барқ такя кардан дуруст нест.
“Аз ин рӯ, дар нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо дар қатори кашидани хати барқ ва оби нӯшокию канализатсия бунёди шабакаҳои гармидиҳӣ низ пешбинӣ шудааст”, - навиштааст “Садои мардум” аз қавли раиси Кумитаи меъморӣ.
Ӯ тавзеҳ дод, ки вобаста ба ҳаҷми бино дар лоиҳаҳо барои соҳибкорон бунёди шабакаҳои хурди автономии каммасраф ба назар гирифта шудааст, ки ба истифодадиҳии онҳо талаботро ба неруи барқ кам мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, аз ноҳияи Данғара дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.
Ин ниҳод мегӯяд, соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 1 миллиону 383 900 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, мактабҳои миёна барои 13534 ҷой, беморхонаҳо бо 577 кат, дармонгоҳ барои 436 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 1000 ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.