ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон бори дигар таъйид кард, ки табобати коронавирус дар кишвар пурра ройгон ба роҳ монда шудааст.
"Ман ҳамарӯза дар ситод, ки дар он тамоми роҳбарони муассисаҳои марбутам ҳузур доранд, дар бораи табобати ройгони коронавирус таъкид мекунам", - гуфт вай.
Аммо саволдиҳандагон гуфтанд, ки корафтодагони муассисаҳои тиббии кишвар шикоят аз он доштанд, ки барои табобат як миқдор маблағ сарф карданд.
Вазир дар посух ба ин изҳороти рӯзноманигорон, пулгирии ин ё он корманди соҳаи тибро ба виҷдонаш ҳавола кард.
"Ҳамон табибе, ки барои табобат ё дору пул мегирад, ба виҷдонаш вобаста аст", - қайд кард Абдуллозода.
Ба қавли вай, "имрӯз Тоҷикистон омода аст, ки табобати бемори коронавирусро ройгон ба роҳ монад".
Ба иттилои вазири тандурустии Тоҷикистон, дар анборҳои икшвар барои табобати коронавирус 103 миллион дору захира шудааст.