Дар пойтахти Осетияи Шимолӣ субҳи рӯзи ҷумъа таркиши мудҳише рух дод, ки маркази савдои се ошёниро пурра хокистар гардонид.
Ин таркиш дар кӯчаи Гагкаеваи Владикавказ рух дод.
Тибқи иттилои мақомот сабаби ҳодисаи фавқулода таркиши газ шудааст.
Майдони умумии харобшуда 1,14 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод. Ҳамчунин тирезаҳои се манзил, ки дар щамсоягии маркази савдо ыойгир буданд, хароб шудааст.
Бино ба гузориши хадамот, дар пайи ин таркиш касе осеб надидааст. Вақти таркиш дар маркази савдо танҳо як нафар - посбон будааст, ки ҷароҳат набардоштааст.