ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ба қавли Ҷамолиддин Абдуллозода пеш аз ҳама надоштани ташхисгоҳҳо дар минтақаҳо ва ё шумораи ками онҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи пандемӣ мушкилии калидӣ дар роҳи мубориза бо коронавирус буд.
Ба гуфтаи ӯ, вақте коронавирус шуюъ кард, Тоҷикистон ҳамагӣ ду лаборатория дошт.
"Дар даврае, ки мо бемориро ба қайд гирифтем, дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду лаборатория фаъолият мекард. Имконияти ҳамаро аз ташхис гузаронидан, надоштем", - изҳор дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли вазир дар ВМКБ умуман лаборатория набуд.
"Онҳо таҳлилҳоро ба Душанбе равон мекарданд. Дар натиҷа, то муайян шудани ташхис як ҳафта мегузашт. Дар як ҳафтаро ҳамон одаме, ки касал буд чанд нафарро сироят мекард", - таъкид кард Абдуллозода.
Ба қавли вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, имрӯз дар кишвар 18 дастгоҳи "ПЦР" ва 32 лаборатория фаъолият мебаранд.