Тибқи иттилои The Daily Mail, ҳодиса дар кӯҳҳои Уина иёлати Ютаи ИМА рух додааст.
Манбаъ меафзояд, Майлз Пенроуз ҳамроҳи бародарон ва дӯстонаш барои сайҳат ба кӯҳ баромаданд. Онҳо аснои тамошо ҷунбиши заминро ҳис карданд ва гумон намуданд, ки ин заминҷунбӣ аст.
Вале баъдан, наздик омадани мавҷи барфро мушиҳида намуда, пай бурданд, ки тармаи азим рост ба тарафи онҳо ҳаракат мекунад.
Яке аз сайёҳон дар ин лаҳза бо дастгоҳи аксбардорӣ лаҳзаи наздик омадани тармаро сабт кард, вале ӯву ҳамроҳонашро дар як нимнафас тарма зер кард.
Ба гуфтаи Пенроуз, ба ӯ муяссар шуд, ки дар рӯи замин бимонад ва мустақилона аз барф берун ояд. Ба ҳеҷ кадоме аз аъзоёни ин гурӯҳ осеб нарасид.