ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Майори милитсия, Султонов Султонҷон, ки бо суръати баланд аз ноҳияи Варзоб ба самти Душанбе ҳаракат мекард, мӯҷиби ҳалокати се нафар гардид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор рӯзи 11 феврал, тақрибан соати 00:10 дақиқа дар назди парки нигаҳдории воситаҳои нақлиёти қисми ҳарбии 3502 рух додааст.
Гуфта мешавад, Султонов бо худрави худ, ки тамғаи "Тайота - Авалон" мебошад, аз ноҳияи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе бо суръати баланд ҳаракат карда, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромад.
"Ронанда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи "Опел - Вектра" бархӯрд", - таъкид мешавад дар хабар.
Зимнан, бар асари бархӯрд, ронандаи худрави "Опел - Вектра" Аъзамҷон Солиев ва мусофираш Расулов Анвар, ки ҳамагӣ 20 сол доранд ва сокинони ноҳияи Варзоб мебошанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигар, Боев Муҳаммадҷон ва Меликов Абдураҳмон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, Боеви 22 - сола низ дар беморхона фавтид.
Нисбати майор Султонов аз тарафи Прокуратураи генералӣ бо моддаи 212 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, номбурда ҳоло дар ҳасби пешакӣ қарор дорад.