ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, тасмими қатъи фаъолияти нуқтаҳои табодули арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон санҷидашуда ва дуруст буд.
Ба гуфти Нуралиев сиёсати роҳандозии нуқтаҳои мубодилаи асъор нодуруст буд ва онҳо дуруст танзим намешуданд. Ба тақвияти ин суханҳояш ӯ чанд далелро зикр кард.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба бартариҳои марокиз ё нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, ки ба ҷои нуқтаҳои мубодилаи асъор эҷод шуданд, пардохта, гуфт, дар онҳо на як, балки 10 – 15 намуди хизматрасониро ба мардум пешкаш мешавад.
"Ин марокиз ба дурустӣ танзим ва назорат мешаванд. Мо ҳамеша мавқеи асъории онҳоро метавонем назорат кунем, ки дар сатҳи лозимӣ ҳаст ё нест. Вақте маркази хизматрасонии бонкӣ ташкил мешавад, хиҳматрасониҳое, назири дарёфти карта, қарзи хурд, интиқоли маблағҳо ва ғайра пешкаш мешавад", - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Ӯ афзуд, ки дар чунин марказҳо то 15 нафар бо шуғл таъмин мешаванд, сифати хизматрасонӣ барои дастрасии молиявӣ беҳтар аст.
Ба гуфти Нуралиев, ҳоло таҷрибаи Тоҷикистон дар бархе кишварҳои минтақа ва берун аз он низ роҳандозӣ мешавад", - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 бо як қарор тамомии нуқтаҳои мубодилаи асъорро ба хотири эътидоли вазъ дар бозори асъори кишвар баст.
Аксари ин нуқтаҳо дар солҳои 1990 рӯи кор омада, ягона корашон мубодилаи асъори хориҷӣ, қабл аз ҳама доллари амрикову рубли русӣ бо пули тоҷикӣ буд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, то соли 2016 дар кишвар 1497 нуқтаи мубодилаи асъор баста шуданд ва то имрӯз ҳудуди 2 ҳазор маркази хизматрасонии бонкӣ ҷойгузини онҳо шудаанд.