Аз Русия ба Тоҷикистон барои истеҳсоли дору оҳуи холдор оварда шудааст

Масъулини Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, аз Русия ба Тоҷикистон оҳуи холдор оварда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Давлаталӣ Шарипов сардори Раёсати Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, саршумори оҳуи холдор (русиягӣ) дар Тоҷикистон ба 302 сар расонида шудааст.
Ин навъи оҳуро Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як фирмаи оҳупарварии худ нигоҳ медорад, ки соли 1976 таъсис дода шудааст.
"Ин навъи оҳу барои истеҳсоли доруи "Пантокрин" истифода мешавад", - гуфтанд масъули ин ниҳод.
Ба гуфти масъулини Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар Тоҷикистон оҳуи навъи бухороӣ парвариш мешавад, ки барои бештар кардани саршумори ин навъи оҳу, моҳи декабри соли 2020 аз ҷониби президенти кишвар 1154 гектар замини иловагӣ ҷудо шуд.
Шикори ғайриқонунии гӯсфанди нодири “Марко-Поло” дар Мурғоб
Ба иттилои манбаъ, ин навъи оҳуро дар ноҳияи Панҷ ва Фархор вохӯрдан мумкин аст.
Масъулини Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар ҳудуди кишвар кадом навъ ва чӣ миқдор ҳайвонот сукунат доранд.
"Аз ҷумла гӯсфанди кӯҳии помирӣ "Марко - Поло" дар парваришгоҳи "Зоркӯл" - и ВМКБ, гӯсфанди бухороӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон парвариш мешаванд, ки 1812 сарро ташкил медиҳанд. Парвариши бузи кӯҳии пармашох дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба роҳ монда шудааст, ки 4100 сарро ташкил мекунанд. Оҳуи бухороӣ дар парваришгоҳи Зарафшон - хоҷагии ҷангали Панҷакент парвриш шуда, 52 сарро ташкил медиҳад", - гуфт Абдугаффор Ҷалилов сардори шӯъбаи шикори Агентӣ.
Ба гузориши ӯ оҳуи холдор, ки аз Русия оварда шудааст, дар фермаи Қаратоғ парвариш мешавад ва шумораи он ба 302 сар расонида шудааст.
Ҷалилов гуфт, дар баробари ин дар ҷангалҳои Тоҷикистон 5247 сар бузӣ кӯҳии сибирӣ, 11 903 сар суғури сурх, 870 хирси малаи тяншонӣ, ки ба китоби Сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, сукунат доранд.
Ҳамчунин дар хоҷагиҳои ҷангали Тоҷикистон қашқалдоқ, ҷайраи ҳиндӣ, бабри барфӣ харгӯш, кабк, рӯбоҳ, ғоз, хуки ваҳшӣ, харгӯш, мурғи ҳилол ва дигарҳо парвариш мешаванд.