Муфтии Қирғизистон ба иттиҳоми қаллобӣ ва ришва боздошт шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муфтии собиқи ин кишварро ба иттиҳоми ришвахурӣ ва қаллобӣ боздошт намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев муфтии аъзам ва раиси идораи муфтиёни ин кишварро, ки рӯзи 10 феврал истеъфо дода буд, боздошт кард.
Дона Набиевро намешиносем: омбудсмени Тоҷикистон дар бораи зиндони пирамард
Кумитаи вилоятии амнияти милии Қирғизистон дар ҳоли фароҳам кардани мароҳили муқаддамотии бозҷӯи аз ҳиссобдори аршади идораи муфтиёт аст, ки ҳангоми ришва додан ба кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дастгир шуд.
Гуфта мешавад, ки бар асоси бозҷӯиҳои аввалия шавоҳиди инкорнопазирӣ аз мушорикат доштани муфтии Қирғизистон дар ин ҷурм ба даст омадааст.
Мақсадбек Ҳоҷӣ Токтомушев ба иттиҳоми истифода аз вуҷуҳи ҳоҷиён ва дигар тахаллуфоти молӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба сар мебарад.