Дар як сол Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ 59 млн сомонӣ зарар дидааст

Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҷумҳурӣ дар соли 2020 ҳудуди 59 миллион сомонӣ аз офатҳои табиӣ ҳаҷми зарари дидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодазимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки ҳаҷми зиён аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сол то сол мунтазам кам мешавад.
Кумаки техникӣ ба КҲФ: ду мошин ва 50 дастгоҳи мухобиротии муосири сайёр - видео
Вай афзуд, ки агар аввали аср зарар аз офатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар ҳисоб мешуд, пас давоми чор соли охир ин маблағ ҳамасола аз 2-4 миллион доллар зиёдтар нест.
Рустам Назарзода ин равандро ба натиҷаи кори ҳукумати Тоҷикистон дар бахши огоҳии саривақтӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин беҳбуди сатҳи худогоҳии аҳолии кишвар аст рабт додааст.
Раиси Кумита зикр дошт, ки соли гузашта бар асари ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон 8 нафар, аз ҷумла 4 нафар дар натиҷаи селфароӣ ва 2 кас - аз зарбаи оташак (чароғак, молния) ва фаромадани тарма ҳалок шуданд.
Соли 2020 дар дарёву обанборҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 107 нафар ғарқ шуданд, ки 34 нафар камтар аз соли 2019 аст. Дар ин давра 55 кас аз ҷониби кормандони Кумита аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.
Дар маҷмӯъ дар соли гузашта дар кишвар 231 ҳодисаи ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд.