Аҳмадзода бо як даста гул ба хонаи Ҷӯрабек Набиев рафт: Ҳунарпешаи мардумӣ 80-сола шуд

Раиси вилояти Суғд ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистонро, ки соли равон ба синни 80 расид, табрик гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиевро аёдат карда, ҳофизи маъруфро бо ҷашни мавлудаш табрик кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят ҳунарпешаи шинохтаро, ки соли равон ба синни 80 расид, табрик гуфта, ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ, умри бардавом, дилу шоду илҳоми саршор ва комёбиҳои боз ҳам тозаи эҷодиву ҳунариро таманно кард.
Аҳмадзода аз аҳволи Оқил Оқилов хабар гирифт
Ҷӯрабек Набиев баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)  фаъолиятро дар боргоҳи азими ҳунар - Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси солист-овозхон шурӯъ карда, аз зумраи ҳунармандонест, ки беш аз ним аср дар арсаи санъати мусиқии тоҷик фаъолият дорад.
Суруду оҳангҳои ҳунарманд бо риштаҳои заррини анъанаҳои куҳан пайваста, дили шунавандагону мухлисони созу наворо шефтаю тасхир намудаанд. Сурудҳои классикӣ ва халқӣ, ки аз ҷониби мавсуф сароида шудаанд, дар хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Идораи телевизион ва радиои вилоят маҳфуз буда, имрӯз ҳам шунавандагону мухлисони бешумор доранд.
Манбаъ зикр кардааст, ки Ҷӯрабек Набиев зимни сафарҳои ҳунарӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бисёр кишварҳои хориҷӣ барои тарғибу ташвиқи фарҳанги бою қадимаи тоҷикон, санъати асил ва шеъру таронаҳои ноби миллӣ нақши бориз дошта, осори мусиқии тоҷиконро бо маҳорати баланд иҷро ва тарғибу ташвиқ менамояд.
Хизматҳои арзандаи ҳунарманд дар рушди санъати сарояндагӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва ҷоизаву ифтихорномаҳо арҷгузорӣ шудаанд.