Шореҳе, ки набарди ин ду размикорро шарҳ медод, қайд намуд, ки Одилов тактикаи хуби мубориза бурданро дорад.
Ӯ қайд намуд, ки размикори тоҷик аз аввали мусобиқа бартарии бештар дошт ва тавонист ба ҳарифаш чандин зарбаҳои нишонрас расонад. Вале, баъдан Калинин Одиловро нокдаун кард. Бо вуҷуди ин, даври сеюми муҳориба бо бартарии бештари Одилов анҷом ёфт.
Дар даври баъдӣ, размикори тоҷик ҳарифи русиягии худро аз роҳи буғӣ кардан мағлуб намуд.
"Ин пирӯзии ман нест, имрӯз Аллоҳ мададгори ман буд", - изҳор дошт Одилов пас аз анҷоми муҳориба.
Зимнан, Фаридун Одилов ба тамоми мухлисони худ изҳори миннатдорӣ намуда гуфт, замоне ба пирӯзии ӯ ягон кас бовар надошт.
"Вақте қадамҳои аввалро дар ММА мегузоштам, бароям бисёр душвор буд, касе ба ман бовар намекард, аммо ман китфи қавии бародарони клубамро, ки ба муваффақияти ман боварӣ доштанд, фаромӯш намекунам".
Одилов бо ифтихор изҳор намуд, ки "имрӯз камарбанди қаҳрамонии ҷаҳониро бо сари баланд ба мардуми Тоҷикистон мебарад".
Ёдовар мешавем, ки ин пирӯзии 11-уми Одилов дар MMA мебошад.