Мақомоти Афғонистон: дигар ҳаргиз зиндониёни Толибонро озод намекунем

Муовини раисҷумҳурии Афғонистон бо баёни ин ки 85 дарсад аз зиндониёни озодшудаи Толибон ба майдони ҷанг бозгаштаанд, таъкид кард, ки дигар зиндониёни ин гурӯҳ озод нахоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон бо интишори паёме дар Твиттер, Толибонро ба нақзи тавофуқномаи Қатар муттаҳам кард ва гуфт, ки озодии зиндониёни ин гурӯҳ барои нишон додани ҳусни ният сурат гирифт, аммо ин иқдом "дигар ҳаргиз" анҷом нахоҳад шуд.
Истеъфои Ашраф Ғанӣ ва хуруҷи нируҳои хориҷӣ: Толибон барои расидан ба сулҳ шарт гузоштанд
Толибон, ки дар тавофуқномаи Қатар муттаҳид шудааст зиндониёни ин гурӯҳ пас аз озодӣ дигар ба майдони ҷанг бознамегарданд, пеш аз ин бо радди изҳороти мақомоти давлатии Афғонистон муддаӣ шуда буд, ки зиндониёни озодшуда ба хонаҳои худ бозгаштаанд ва зарурате ба ҳузури онҳо дар майдони ҷанг нест.
Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон ҳам дар бораи ин иттиҳомоти давлат таъкид кардааст, ки санаде дар бораи бозгашти зиндониёни озодшудаи Толибон ба майдони ҷанг вуҷуд надорад.
Ҳадаф поёни ҷанг дар Афғонистон: музокироти Эрон бо намояндагони Толибон дар Теҳрон
Бар асоси тавофуқномаи Қатар ва машрут ба пойбандии Толибон ба тааҳҳудоташ, давлати Афғонистон бояд раванди озодии зиндониёни ин гурӯҳро идома диҳад, номҳои сарони Толибон аз феҳристи таҳримҳои Созмони Милал хориҷ шавад ва нерӯҳои хориҷӣ низ хоки Афғонистонро тарк кунанд.