ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими оғози ваксинатсияи корона дар Эрон гуфт, ки нахустин ҳазор нафар бо ваксинаи русӣ эмгузаронӣ шуданд ва сипас бо тавваҷуҳ ба арзёбии муҷаддад ин кор афзоиш меёбад то ба ҳаддиаксар бирасад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ҷаҳонпур афзуд, агар чӣ ваксинаи корона дар марҳалаи аввал ба касоне тазриқ мешавад, ки пеш аз ин ба Ковид-19 мубтало нашудаанд, аммо дар ҳолати куллӣ манъе барои тазриқ ба афроде, ки қаблан мубтало шудаанд вуҷуд надорад.
Вай изофа кард, эмгузарони умумӣ ва ҳамагонӣ бар зидди вируси корона дар Эрон соли 2021 такмил мешавад ва умедворем ҷузви аввалин кишварҳое бошем, ки ваксинатсияи умумиро ба итмом мерасонад.
Нахусти маҳмӯлаи ваксинаи русӣ бар зидди вируси корона мавсӯм ба “Спутник V” рӯзи панҷшанбе ба Эрон ирсол шуд.
Ваксинаи русии “Спутник-V” дар беш аз 20 кишвар аз ҷумлаи Эрон сабт шудааст.