ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik, Ирина Бадмаева. Саноат пас аз як соли бӯҳрон дорад барқарор мешавад. Коршиносон, дар шароити афзоиши талабот болоравии мунтазами соҳаро пеш аз ҳама аз ҳисоби кишварҳои Осиё, ки барои гузаштан ба энергияи сабз шитоб надоранд, пешгӯӣ мекунанд. Аммо, вазъро метавонанд иттиҳодияи Аврупо ва Ҷопон тағйир диҳанд.
Пандемия арзиши тиллои сиёҳро бар замин зад
Бозори нафт аз пандемия зарари ҷиддӣ дид. Корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро қатъ карданд, ҳамлу нақл молу маҳсулот ва парвозҳои ҳавопаймоҳо коҳиш ёфт. Талабот ба сӯзишворӣ кам шуд.
Кишварҳои узви ОПЕК+ маҷбур шуданд, истихроҷи нафтро якбора коҳиш диҳанд. Барои мисол моҳи декабри соли равон муовини сарвазири Русия Александр Новак дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳур хабар дод, ки Русия истихроҷи нафтро 8,5 дарсад коҳиш додааст. Ҳамин тариқ нархи як бушка нафт дар ин замон аз 20 доллар то 40 доллар боло рафт. Ғайр аз ОПЕК+, Эрон низ истихроҷи нафтро аз 2,8 миллион бушка дар як рӯз то 0,3 миллион коҳиш дод.
Дар моҳи декабр, барои як бушка нафт аллакай 52 доллар медоданд. Пас аз эълони навъи нави коронавирус ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои беҳдоштии нав арзиши нафт боз поин рафт.
Ҳоло талабот дорад барқарор мешавад. Ба бозор эмгузаронии оммавӣ ба ваксинаи зидди корона, ки метавонад шумори сироятёфтагон ба вирусро коҳиш диҳаду маҳдудиятҳоро дар бархе кишварҳо бардорад, умеди тоза бахшидааст. Дар моҳи феврал нархи нафт мунтазам боло меравад. Brent хатти 61 доллариро убур кард. Бори охир чунин нарх 7 январи соли гузашта ба қайд гирифта шуда буд.
ОПЕК-и пешво
Бояд гуфт, ки ОПЕК бо назардошти тавозуни талабот ва пешниҳод ҳар моҳ квотаҳоро тағйир медиҳад.
"Ин иқдом ба иштирокчиёни бозор таъсири мусбат мерасонад. Онҳо дар ҳолати самаранок набудани ваксина ва суст барқарор шудани иқтисодиёт ба дастгирии ОПЕК умед мебанданд" - мегӯяд Михаил Коган, роҳбари шуъбаи маводҳои тадқиқотии Мактаби олии идоракунии молиявӣ.
Кишварҳои ОПЕК+ аз пешниҳоди афзоиши истихроҷи нафт шурӯъ аз моҳи январ ба андозаи ду миллион бушка дар як рӯзро рад карданд. Аммо, ба Русия ва Қазоқистон иҷозат доданд,ки тавлиди нафтро як каме афзоиш диҳанд. Боқимонда дар моҳи феврал-март ихтиёран тавлиди нафтро дар як рӯз то 1,425 миллион бушка коҳиш медиҳанд. Бояд қайд кард, ки коҳиши як миллион бушка нафт танҳо ба Арабистони Саудӣ рост меояд. Дар пайи ин ваъдаҳо арзиши нафт боло рафт.
Бо вуҷуди ин, коршиносон рушди босуръатро интизор нестанд. Ба ин раванд чанд омил таъсир мерасонад. Пеш аз ҳама, захираҳои нафт ҳанӯз ҳам зиёданд, дар саросари ҷаҳон беш аз як миллиард бушка нафт дар анборҳо ҷамъ оварда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Либия содироти нафтро афзоиш додааст. Имкон дорад, ки нафти Эрон ҳам ба бозор рехта шавад. "Нафти Либия метавонад талаботро қонеъ намояд аммо нафти Эрон маҷбур месозад, ки ОПЕК+ сиёсаташро тағйир диҳад. Ин танҳо метавонад дар сурате амалӣ шавад, ки Вашингтон ва Теҳрон ихтилофоти худро бартараф намоянд", - гуфт Коган.
Вай бовар дорад, ки дар моҳҳои наздик нафт дар ҳудуди 52-65 доллар хариду фурӯш хоҳад шуд.
Кишварҳои Осиё бозори нафтро дастгирӣ мекунанд
Бозорро кишварҳои Осиё, ки иқтисодашон бо суръат барқарор мешавад дастгирӣ хоҳанд кард. Агентии байналмилалии Энержӣ пешбинӣ кардааст, ки дар соли 2021 талабот дар Чин ба 745 ва дар Ҳиндустон ба 380 ҳазор бушка дар як рӯз афзоиш хоҳад ёфт.
Имкон дорад ба корхонаҳои полоиши нафти Чин ва Ҳиндустон нисбат ба он миқдоре, ки пешбиеӣ шудааст нафти бештар лозим шавад. Ин кишварҳо барои гузаштан ба энергияҳои мухталиф шитоб надоранд.
"То он даме, ки ҳавопаймоҳо ва киштиҳо аз манбаъҳои алтернативии энергетикӣ истифода накунанд, сухане дар бораи ивази нафт вуҷуд надорад. Ба ҳамин хотир, пешгӯии Вазорати энергетикаи Амрико дар бораи то соли 2050 боло рафтани арзиши нафт то 173 доллар воқеият дорад. Бояд гуфт, ки паҳншавии энергияиҳои алтернативӣ дар оянда талаботро ба нафт тадриҷан коҳиш хоҳанд дод”, - зикр кард таҳлилгари ширкати сармоягузории “Фондовий капитал” Даниил Болотских.
Ҳамин тариқ, Олмон тасмим дорад, то соли 2030 ҳиссаи манбаъҳои энергияи алтернативиро дар бахши энергетика ду баробар афзоиш диҳад. Ҷопон низ тасмим дорад то соли 2025 ба муҳаррикҳои барқӣ гузарад.
Ҳамин тавр, Русия набояд ба нархи баланди нафт такя занад. Ҳатто агар нархҳо ба 173 доллар ҳам расад, таҳримҳо боқӣ хоҳанд монд. Аз ин рӯ, гуногунсозии иқтисодиёт, ки дар тӯли даҳсолаҳо гирди забонҳост имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст.