ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ахиран дар ин бора раиси "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, қайд кард.
Ба гуфтаи вай, ҳамаи донишҷӯёне, ки дар факултаи иқтисодӣ таҳсил доранд, метавонанд аз ин имконият истифода намоянд.
"Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдастанд, махсусан, духтарони ҷавоне, ки дониши хубу аъло доранд, метавонанд дар маҳали зисти худ коромӯзӣ кунанд. Рӯзҳои шанбе худи ман шаҳрвандонро қабул мекунам. Аксарияти 70-80 дарсади муроҷиаткунандагон барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан, ба мо муроҷиат мекунанд", - зикр кард Сироҷиддин Икромӣ.
Дар ҳамин ҳол, оқои Иқроӣ қайд кард, ки албатта, "Амонатбонк" ҳамаро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда наметавонад, аммо бештар ба занон афзалият медиҳад.
Зимни нишасти матбуотӣ қайд шудааст, ки ба ҳолати имрӯза дар "Амонатбонк" 1238 нафар зан фаъолият доранд, ки 43%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд.
Дар соли 2020-ум 135 нафар бону дар "Амонатбонк" ба кор қабул карда шудаанд.