ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Ёқутистон фаромне сари кор омад, ки манъи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодро дар бар мегирад.
Қарори дахлдорро роҳбари вилоят Айсен Николаев қабул кардааст.
Маҳдудияти кор танҳо ба он хориҷиёне, дахл дорад, ки ба Ёқутистон барои кор дар асоси патент меоянд.
Ҳамин тариқ, кори муҳоҷирон дар 33 намуди фаъолият манъ карда шуд.
Кори муҳоҷирон дар бахши боркашонӣ ва мусофирбарӣ, кори меҳмонхонаҳо ва савдо манъ карда шуданд.
Тибқи ин санад, рӯйхат ҳамчунин кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, истеҳсоли мебел, маҳсулоти хӯрокворӣ, тахриби биноҳо, таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ҳатто парвариши моҳиро дар бар мегирад.
Ғайр аз ин, ба муҳоҷирон ҳам тиҷорати яклухт ва ҳам чакана манъ шудааст. Ин ҷо маҳдудият ба фурӯши ҳама намуди маҳсулот дахл дорад, ба истиснои фурӯши мошинҳо ва мотосиклҳо.
Зиёда аз ин, шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва илмӣ кор кунанд.
Тибқи санади нашршуда, дар ҳоле ки манъи он барои соли 2021 муқаррар шудааст, бояд қайд кард, ки чунин маҳдудиятҳо навгонӣ нестанд, онҳо соли 2019 низ ҷорӣ шуда буданд.