Далер Ҷумъа бо ҳамтои руси худ масъалаи интиқоли барқи "Сангтӯда - 1" - ро баррасӣ кард

Далер Ҷумъа бо Николай Шулигин масъалаи интиқоли неруи барқ аз НБО "Сангтӯда - 1" - ро мавриди баррасӣ қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазираи энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки феълан бо тими сарвазир Қоҳир Расулзода дар Маскав қарор дорад, бо ҳамтои руси худ мулоқот кард.
Бар хабари сомонаи Вазорати энергетикаи Русия, Николай Шулигин вазири ин ниҳод ва Далер Ҷумъа Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иҷтисодӣ, фаъолияти НБО "Сангтӯда - 1" ро муҳокима намуданд.
Ночории "Сангтӯда": барқ тавлид мекунаду фурӯхта наметавонад
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин имкони содироти неруи барқи тавлидкардаи ин неругоҳро баррасӣ карданд.
Вазири тоҷик: таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии обӣ идома доранд
Манбаъ меафзояд, рӯзи 9 феврал дар ҳамоиши мазкур лоиҳаҳои кунунӣ ва ояндаи ширкатҳои сӯзишворию энергетикии Русия дар Тоҷикистон, масъалаҳои рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, фаъолияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва имкони содироти нерӯи барқ, ки аз ҷониби ин неругоҳ тавлид мешавад, баррасӣ хоҳад шуд
Қобили зикр аст, ки НБО "Сангтӯда - 1" соли 2009 бо кӯмаки ҶСК "Интер РАО" сохта шуд. Ин неругоҳ дар таъминоти энергетикии иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, то 12 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" - ро дар ихтиёр доранд.
Масъалаи интиқоли барқи "Сангтӯда - 1" дар ҳолест, дар Тоҷикистон феълан ба далели камбуди барқ дар аксар манотиқҳои ҷумҳурӣ маҳдудият аз соати 23 - и шаб то 6 - и субҳ ҷорӣ шудааст.