ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раёсати ожонсии зидди фасод мегӯяд, дар ВМКБ беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи сокинон аз истифодаи неруи барқ ситонида шудааст.
Кормандони ин ниҳод дар мавриди қарздории сокинони вилоят зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, изҳор намуданд, ки раёсат дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помир Энерҷи" ин миқдор маблағро ба давлат баргардонданд.
Аммо бояд гуфт, ки қимат ҳар киловатт/соат барқ дар вилояти Бадахшон 27 дирам аст, ки дар муқоиса бо соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар аст.
Илова бар ин, Бадахшон вилоятест, ки сафи бекорон дар ин минтақа аз дигар навоҳии Тоҷикистон бештар аст. Ин ба далели он ки дар Бадахшон теъдоди коргоҳҳо ангуштшумор буда, на ҳамаи сокинон имкони бо ҷойи кор таъмин шуданро доранд.
Сокинони ин вилоят борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост намуда буданд, ки қимати неруи барқ барои сокинони ин минтақаро бозбинӣ кунанд, зеро тавони на ҳар як хонаводаи Бадахшон ба пардохти маблағи неруи барқ мерасад.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.
Дар ҳоле ки маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 декабр бекор шудааст, иҷрои ин тарҳ ба тозагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуд. Бояд гуфт, ки ВМКБ дар 10 соли маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон ягона вилояте буд, ки аз ин маҳдудиятҳо дар канор буд.
Аммо, акнун дар 5 ноҳияи вилояти Бадахшон маҳдудияти барқ идома дорад ва масъулони ширкати барқи минтақа сабаби ин маҳдудиятро ҳарорати 35 дараҷа зери сифр ва коҳиши об дар садди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ном мебаранд.