ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сулаймон Зиёзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии коронавирус тавонист бозори дохилии худро фаровон нигоҳ дорад.
Ба гуфти вазир, дар давраи ҳамагирии коронавирус, ки ҳамаи давлатҳо марзҳои худро бастанд, бозори Тоҷикистон бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин буду ҳаст. Зиёзода мегӯяд, ба вазниниҳои соли 2020 нигоҳ накарда, кишоварзони кишавр меҳнати пурсамар доштанд ва фаровонии бозорҳо имрӯз аз он шаҳодат медиҳад.
"Ғайр аз апелсину мандарину банан, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, дигар ҳамааш аз ангур сар карда то себу нок - истеҳсоли худи Тоҷикистон аст", - гуфт вазир.
Ӯ афзуд, ки дирӯз аз бозорҳо ва мағозаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боздид кардааст ва он ҷо ҳам фаровонии маҳсулотро мушоҳида кардааст.
"Картошка, сабзӣ, пиёз - ҳамааш тал задагӣ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки имрӯз тамоми мардуми кишавр аз ҷумла 70 дарсади тоҷикистониҳо, ки дар деҳотҷойҳо ба сар мебаранд, захираи кофӣ, баъзе оилаҳо ҳатто аз ду сол бештар захира доранд", - гуфт вазир.
Ба гуфти вазир танҳо мардуми шаҳр захира камтар доранд, вале онҳо ҳам то се моҳ чор моҳ захираи картошка, пиёз ва сабзиро доранд.
Вазир мегӯяд барои захираи маҳсулоти донагӣ дар Тоҷикистон имконот бештар аст.
"Мо 60 ноҳияҳои кишоварзӣ дорем ва ҳамин ноҳияҳо имкони захираи донагӣ аз ҷумла - шолӣ ва гандумро доранд", - гуфт вазир.
Бино ба иттилои вазир соли 2020 дар Тоҷикистон 1 миллиону 517 ҳазор тонна ғаллагӣ ҳосил шудааст. Аз ин ҳисоб 864 тонна гандум истеҳсол шудааст, ки воридоти онро дар қиёс бо соли 2019 - 92 ҳазор тонна камтар кард.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон ба андозаи 19,1% ва орд - 4,8% зиёд шуд.