ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Покистон 22-юмин кишваре шуд, ки ваксинаи "Спутник V" -ро тасдиқ кард. Ваксина дар Покистон тибқи иҷозатномаи истифодаи фавқулода дар асоси маълумоти озмоишҳои клиникӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бунёди сармоягузории мустақили Русия мегӯяд, агентии назорати маводи дорувории Покистон ба истифодаи ваксинаи коронавируси "Спутник V" иҷозат додааст.
Қаблан ин бунёд хабар дод, ки ваксинаи сохти Русияро Брюсел низ писандидааст. Дар сурати дарёфти шаҳодатномаи тасдиқ ва ҷонибдории Комиссияи Аврупо ваксинаи тавлиди Русия метавонад ба таври мутамарказ ба Иттиҳоди Аврупо интиқол дода шавад.
Иттиҳоди Аврупо, ҳанӯз қабл аз тасдиқи аввалияи ваксина дар бораи хариди мутамаркази он тасмим гирифтааст. Дар маҷмуъ созишномаҳо бо шаш тавлидгари ин ваксина баста шудаанд.
Ҳамин тариқ Иттиҳоди Аврупо метавонад беш аз 2,3 миллиард вояи зидди коронавирусро гирад. Дар нақша аст, ки то охири тобистон ҳудуди 70 дарсади аврупоиҳо ваксина гиранд. Аммо дар ҳатфаҳои охир Иттиҳоди Аврупо дар тааъминот бо ваксина аз Pfizer/BioNTech ва AstraZeneca дучори мушкил шуд. Чунин таъхиркориҳои метавонанд, ҳадафҳои Брюсселро дар мавриди ҳаҷми эмгузаронӣ халалдор намоянд.