Як ҳавопаймои низомии нақлиётии Ан-12 ба ҷазираи Итуруп, воқеъ дар ҷазираҳои Курил, нишасти сахти изтирорӣ анҷом додааст.
Ин ҳодиса дар фурудгоҳи Буревестник рух додааст. Тибқи маълумоти пешакии хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии шарқии Федератсияи Русия, садама дар натиҷаи шикастани пояҳои чархи ҳавопаймоҳои Ан-12 зимни фуруд рух додааст.
Тибқи иттилои расонаҳо, ҳангоми фуруд ҳавопаймо ба пастхамии махсуси тирпарронӣ бархӯрдааст.
Шоҳидон видеои фуруди сахти ҳавопаймои низомии Ан-12 -ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд. Наворҳо нишон медиҳанд, ки нақлиёт дар рӯи замин хобидааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби фуруди шадид биниши маҳдуд бошад, чун дар ҷои рух додани ҳолати фавқулодда барфу шамоли сахт ҳукмфармо будааст. Дар видео инчунин дида мешавад, ки масъулини хадамоти изтирорӣ дар маҳалли суқут қарор доранд.