Биолог дар Чукотка ҷисми номуайяни парвозӣ - "НЛО" - ро ба навор гирифт - видео

Дар осмони минтақаи Приморе дастгоҳи парвозкунандаи номаълумеро ба навор гирифтаанд, ки бо баровардани дуде аз баландӣ суқут кардааст
Sputnik
Олими биолог дастгоҳи парвозкунандаи номуайянеро дар вилояти Чукотка ба навор гирифт.
Ҷавоби Амрико ба “Калибр”-и русӣ: “Томагавк”-ҳои нав аз чӣ бархурдоранд
"Ин чист? Худи ҳозир ба навор гирифтам. Бовар надорад, ки ин метеорит бошад чун хеле оҳиста афтида истодааст", - изҳор дошт биолог Леонид Зайка дар шарҳи навор.
"Диданӣ": навори парвози бобарори мушаки "Ангара - А5"
Инчунин ӯ таъкид намуд, ки дастгоҳи дудкунанда, ки ба замин афтида истода буд, ба ҳавопаймои суқуткарда монанд нест.
Корбарони интернет дар шарҳи видео назарҳояшонро дар бораи он, ки ин дастгоҳ чӣ буда метавонад, навиштанд.
Бисёриҳо бар инанд, ки ин ё мушак буд, ё метеорит. Аммо аз чӣ бошад, ки бархе корбарон ин ҷисми номуайяни дудкунандаро ба Волан-де-Морт, ҷодугари ромкардаи марг аз романҳои Ҳаррӣ Потер рабт додаанд.