ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳукми ғоибонаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари мухолифин эълон шудааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвандаи Кабирӣ, ки махфӣ буд, ҳамаҷониба тафтиш шуд.
Ӯ гуфт, ин парванда аз ҷониби суд мавриди тафтиш қарор гирифт ва аллакай нисбати парвандаи мазкур санади судӣ қабул гардидааст.
Муҳиддин Кабирӣ бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид.
Дар феҳрасти моддаҳои Кодекси ҷиноӣ, ки Кабирӣ бар асоси он гунаҳкор дониста шудааст, моддаи 107 - одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, моддаи 189 - барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, моддаи 199 - тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 - исёни мусаллаҳона, номбар шудаанд.
Инчунин таъкид шудааст, ки Кабирӣ бар асоси моддаи 195 - ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, моддаи 307 - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дигар гунаҳкор дониста шуд.
Худи Кабирӣ, ки феълан дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст, борҳо иттиҳомотро бепоя ва таъқибашро дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд.
Додгоҳи Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ эълон кард.