Пешгӯии Билл Гейтс: пас аз пандемия ба ҷаҳон ду фоҷиаи дигар таҳдид мекунад

Пас аз пандемияи коронаиврус, ҷаҳон боз ба ду фоҷиаи дигар рӯбарӯ мешавад, ки комилан ба онҳо омода нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Муассиси Майкрософт, яке аз сарватмандтарин инсонҳо ва хайрхоҳи номӣ Билл Гейтс пешгӯӣ намудааст, ки ҷаҳон пас аз пандемияи коронавирус боз ба ду фоҷиа дигар дучор мешавад. Пешгӯии Гейтсро YouTube-канали Veritasium нашр намудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пешгӯии Билл Гейтс: ҷаҳонро пандемияи нав фаро мегирад
Ба изҳори ӯ, яке аз ин фоҷеа ин тағйирёбии иқлим мебошад, ки ҷаҳон ба чунин дигаргунӣ тамоман омода нест.
Даъвати роҳбари ТУТ аз давлатҳои истеҳсолкунандаи ваксина: бо дигарон низ тақсим кунед
Гейтс мегӯяд, ҳамасола сатҳи маргу мир аз ин омил ба фарқ аз талафот дар замони пандемия бештар хоҳад шуд.
Номбурда, ҳамчунин аз таҳдиди биотерроризм гуфт, ки ҷаҳонро метавонад ба даҳшат орад.
“Ҳоло агар касе хоҳад ба ҷаҳон зарар расонад, вирусро эҷод мекунад ва таъсири он аз эпидемияи табиӣ бадтар хоҳад буд”, - илова намуд Гейтс.
Билл Гейтс ҳанӯз моҳи январи соли гузашта аз пандемияи навбатӣ ҳушдор дод, ки даҳ маротиба аз вируси  COVID-19 бадтар аст. Ба ақидаи ӯ, ба ин таҳдидҳо ҳамон тавре, ки ба таҳдиди  ҷанги ҷаҳонӣ омодагӣ дид, бояд ҳамингуна муносибат кард.