ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тедрос Гебрейесус роҳбари СҶБ мегӯяд, мутаассифона ҳоло шумори воксаншудагон аз теъдоди сироятёфтагон ба вируси корона зиёд шуд.
Ҳамзамон вай гуфт, ки аз чор се ҳиссаи эмшудагон дар 10 кишвари сарватманди олам зиндагонӣ мекунанд.
Тедрос аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар аксар ҳолатҳо нафароне эм мешаванд, ки ин маризӣ ба онҳо чандон хавф надорад.
Ӯ мегӯяд, мудоме, ки як кишвар ваксинаи алайҳи коронавирусро эҷод кард, онро бояд бо кишварҳое қисмат кунад, ки чунин имкониятро надоранд.
Тедрос Гебрейесус ҳамчунин гуфт, ки ҳар қадар мо эмкунии гурӯҳи хатарро кашол медиҳем, ҳамон андоза ба вирус имкон медиҳем, ки мутатсия шавад ва роҳҳои "фиреби" воксанҳоро пайдо кунад.
Роҳбари СҶБ бар ин назар аст, ки агар вирус дар ҳама ҷо шикаст дода нашавад, эҳтимоли ба нуқтаи аввали авҷи ин маризӣ баргаштан имкон дорад.
Сарвари Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз кишварҳои дорои воксан даъват ба амал овард, ки онро бо дигарон қисмат кунанд, то мубориза бо вирус осонтар шавад.