Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон

"Ҳамагирии мурғҳо" ё қаллобӣ: чаро нархи тухм дар вилояти Суғд арзон намешавад?

Дар шимоли Тоҷикистон, нархи тухм ҳаноно дар ҳоли гароншавӣ аст, соҳибкорон мегӯянд мурғҳо мурданд, мақомот инро овоза медонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Нархи тухми мурғ дар бозору фурӯшгоҳҳои Суғд то 25 дарсад баланд шуда ба 1, 3 сомонӣ дакка задааст. Тамоюли болоравии нархи ин навъ маводи ғизоӣ се моҳи пеш шурӯъ шуда ва ҳамчунон идома дорад.
Аксар фурӯшандаҳо дар бозор мегӯянд, ҳаҷми истеҳсоли тухм дар фермаҳои мурғпарварии ҳудуди вилоят кам шудааст ва ба ҳамин далел тухм ба онҳо бо нархи нисбатан баланд дастрас карда мешавад.
Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод
Як фурӯшандаи бозори "Панҷшанбе" - и Хуҷанд иброз намуд, ки баландшавии нарх ба сустшавии савдои онҳо бетаъсир намондааст.
"Бо сабаби гароншавӣ савдо суст шудааст. Пештар арзон буд, қариб ҳама тухм мехарид. Соҳибони фермаҳо ҳар як қуттӣ (флейка) - и тухмро бо нархи 35 -36 сомонӣ дастрас мекунанд, мо аз 8 то 10 дирам ҳар як донаи он зам намуда мефурӯшем", - гуфт фурӯшанда.
Ин ҳамсуҳбати мо сабаби гароншудани қиммати тухмро аз кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот маънидод кард, вале дақиқан нагуфт, ки чӣ гуна истеҳсоли тухм поён рафтааст. "Инро худи соҳибкорони мурғпарвар шарҳ дода метавонанд", -  гуфт ӯ.
Музаффар, як соҳибкори мурғпарвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки охирҳои моҳи октябри соли гузашта паҳни як навъ беморӣ шуморе аз мурғҳоро аз пой дарафтонд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ӯ ҳам ҳудуди 15 ҳазор мурғи тухмдиҳандаи то 10 моҳа парвариш мекард, аммо шуморе аз онҳо ба беморӣ тоб оварда натавониста кушта шуданд ва дар чунин ҳол ба мисли дигар соҳибкорони соҳа ӯ ҳам ба зарари молиявӣ дучор шуд.
"Пештар зукоми мурғро дида будем, ки тоҷашон сиёҳ мешуд ва бо ҳамин карахт шуда мемурд. Инашро бори аввал мушоҳида кардем, ки мурғҳо табъ карда аз пой дармеафтиданд", -  гуфт ӯ.
Гароншавии нархи тухм ва шарҳи сабаб: аз пиршавии мурғҳо то ҷаҳиши доллар ва хоҳиши ҳамсоя
Бино ба гуфти бархе дигар аз мурғпарварони Суғд дар охирҳои соли гузашта кам ё беш аз 1 миллион сар мурғҳои тухмдиҳандаи ҷавон бо сабаби беморӣ кушта шудаанд ва чунин вазъи бавуҷудомада ба ҳаҷми истеҳсоли тухм таъсири амиқ боқӣ гузоштааст.
Аммо масъулони бахши чорвопарварии Сарраёсати кишоварзии Суғд, аз ҳисоби беморӣ кушта шудани мурғҳои тухмдиҳандаро бе асос хонда, гуфтанд, ки баъзеҳо барои ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани рақобат ва аз ин ҳисоб ба даст овардани суди бештар, чунин овозаҳо барпо кардаанд.
Маъруф Шарифиён, мудири шуъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сабаби аслии гарон шудани нархи тухм ба гарон шудани арзиши ғизои парранда рабт дорад. Ин масъули идораи кишоварзии Суғд таъкид кард, ки қариб ҳама намуд хуроки парранда аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад ва сар аз нимаҳои дуюми соли 2020 бо сабаби боло рафтани қурби асъори хориҷӣ (доллар) нархи онҳо то 70 - 80 % дар муқоиса ба солҳои қаблӣ гарон шуд.
"Барои мисол нархи як тон сабус 100 доллар буд, ҳоло ба 180-200 доллар баробар шудааст. Дигар навъи хуроки парранда низ ҳамингуна боло рафтааст, ки ин ҳама ба арзиши маҳсулоти истеҳсолшаванда аз ҷумла тухм ва гушти мурғ бе таъсир намемонад", -  гуфт Шарифиён.
Бино ба гуфти масъули Идораи кишоварзӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 130 фермаи мурғпарварӣ мавҷуд буда ва парвариши мурғҳои тухмдиҳанда ва гуштӣ машғул ҳастанд.
“Тухм диҳед”: тоҷирони ҳамсоя аз Тоҷикистон тухми мурғ мепурсанд
Дар соли 2020 дар фермаҳои мурғпарварӣ бештар 490 милион дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ беш аз 165 милион дона зиёд шумурда мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2018 содироти тухми мурғ ба хориҷ ва воридоти онро ба кишвар манъ карда дар ин баробар корхонаҳои парвариш ва истеҳсоли хӯроки паррандаро аз ҳама намуди пардохтҳои андозӣ озод намуд.
То се соли пеш ба бозорҳои кишвар тухми мурғ умдатан аз хориҷ аз кишварҳои Эрон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ворид карда мешуд, вале он аз 1 сомонӣ зиёд савдо карда намешуд.
Масъулони Идораи кишоварзии Суғд дар бораи ба 1, 4 милион сар афзудани саршумори мурғ таъкид намуда мегӯянд, ки ҳоло ҷамъан ба 5 миллион сар мурғ баробар шудааст. Аммо чаро бо вуҷуди зиёд шудани имкониятҳои истеҳсолӣ нархи тухм арзон намешавад?