Ҳушдори СММ дар бораи ҳамалоти ДОИШ ба пойтахти Афғонистон

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳузури гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ ва эълом кард, ки аъзои гурӯҳи такфирии ДОИШ эҳтимолан дар ояндаи наздик марокизи шаҳрҳои бузурги Афғонистон, аз ҷумла Кобулро ҳадаф қарор медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории ОВО, Созмони милал дар гузориши ҷадиде эълом кард, ки ҳудуди ҳазор то 2 ҳазору 200 узви гурӯҳи террористии ДОИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон ҳузур доранд, ки хатари бузургӣ барои ин кишвар ба шумор мераванд ва токунун низ масъуляти бархе аз ҳамалоту инфиҷорҳои ин кишварро бар ӯҳда гирифтаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
ДОИШ масъулияти ду ҳамлаи мудҳиши Бағдодро бар ӯҳда гирифт
Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд
Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон моҳи гузашта эълом карда буд нерӯҳои амниятии ин кишвар дар амалиёти  "Аслам Форуқӣ" аз саркардагони гурӯҳи ДОИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон ва 19 тани дигар аз аъзоии ин гурӯҳро дастгир кардаанд.
Додгоҳи Рашт "Ҷулайбӣ"-ро барои таблиғи "ДОИШ" ҷазо дод
Созмон милал ба рағми иӣн мавозеъ, ки токунун гомии амалӣ барои барқарории сулҳ, амният ва поёни ҷанг дар Афғонистон барнадоштааст.