Супориши Президент иҷро шуд: тағйирот дар сохтори Донишгоҳи тиббӣ

Ахиран ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки бо супориши раисҷумҳури кишвар дар сохтори ДДТТ тағйирот ворид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар робита ба пандемияи коронавирус ва паҳншавии дигар бемориҳои сироятӣ дар сохтори худ баъзе тағйиротро ворид кард.
Тағйирот дар парлумон: Юсуфӣ раиси комиссия интихоб шуд
“Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кившар факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба факултети тиббӣ-профилактикӣ табдил дода шуд”, - гуфт ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода. 
Ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин, зикр кард, ки бори аввал аз рӯи ихтисосҳои “Вирусология”, “Микробиология” ва “Эпидемиология” дар донишгоҳ интернатураро ба роҳ монданд.
Аз ҳисоби лоиҳаҳои грантии рушди таҳсилоти олӣ ва TajikAid 11 дастгоҳи замонавии дандонпизишкӣ ворид гардид.
Ҳамзамон, Маҳмадшоҳ Гулзода таъкид дошт, ки бинои факултети химия ва маркази стоматологияи донишгоҳ аз таъмир бароварда шуда, сохтмони бинои нави муассиса, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ идома дорад, дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.