ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо иддаои Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, ки дар Тоҷикистон адолати судӣ нест, розӣ шуда наметавонад.
“Ин як даъвои беассос, гапи хушку холӣ аст. Дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ва ба пурагӣ таъмин мебошад. Вазифаи мо ҳайати Суди Олӣ аз он иборат аст, ки назаорат кунем, то ҳамаи парвандаҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гиранду боадолатона қарор қабул шавад”, - изҳор дошт Шоҳиён.
Ӯ таъкид намуд, ки бо иддаои нафаре, ки барои ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудаасту иддао дорад, дар Тоҷикистон адолати судӣ нест, розӣ шуда наметавонед.
Ахиран додгоҳ Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлобро ба мӯҳлати 12 сол равонаи зиндон карда, 5 сол аз ҳаққи ишғоли мансабҳо маҳрум намуда буд. Худи Иноятзода ва наздиконаш дар додгоҳ ин ҳукмро беадолатӣ хонда, иттиҳомоти эълоншударо бепоя номиданд.
Дар қатори ҷурмҳои Иноятзода аз ҷумла заминфурӯшӣ низ ном бурда мешавад. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб бо муовинаш ба 306 нафар замин фурӯхтааст. Додситони кул, ҳаҷми маблағ аз фурӯши ғайриқонунии заминро 725 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кард. Худи Иноятзода иттиҳомот алайҳи худро бепоя хонда буд.