Русия ба Тоҷикистон 40 техникаи низомӣ тақдим кард - видео

Вазорати дифои Русия ба артиши Тоҷикистон беш аз 40 адад техникаи махсус ва муҳандисӣ тақдим кард
Sputnik
Ахиран дар шаҳри Душанбе маросими супоридани техникаҳои мазкур баргузор шуд.
Гуфта шудааст, ки дар маросими супоридани техникаҳои мазкур, генерал-полковники артиши Русия Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ ширкат варзид.
"Техникае, ки мо дар ихтиёри Тоҷикистон додаем, дар шароити кӯҳистон ва минтақаҳои мушкилгузар хеле коромад аст”, – таъкид дошт Лапин.  
Инчунин, ба гуфтаи ӯ техникаи мазкур, қобилияти ҷангӣ ва ҳаракатнокии артиши Тоҷикистонро боло хоҳад бурд.
Сергей Шойгу: баъд аз ду сол системаи “С – 300” ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад
"Дар пасманзари афзоиши вазъи ноустувори байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мо вазифадорем, ки ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти давлатҳоямон посухи кофӣ диҳем. Мо бояд бо такмили муштарак фаъолияти нерӯҳои мусаллаҳро таъмин созем”, - илова кард генерал Лапин.
Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода ба Русия барои ба ихтиёри ҷумҳурӣ супоридани  таҷҳизоту техника изҳори миннатдорӣ кард.
"Ман мутмаин ҳастам, ки мо бо талошҳои муштарак амнияти минтақаро таъмин месозем ва барои вуруди чолишу таҳдидҳои гуногун ба қаламрави кишварҳоямон монеаи мегузорем" гуфт сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвар.
Ҳамин тариқ, ба Тоҷикистон мошинҳои иктишофии муҳандисии ИРМ, устохонаҳои хизматрасонии техникӣ МТО-I, мошинҳои ТМК-2, экскаватору нерӯгоҳо  дода шуданд.