"Илҳом Командир" ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод, ки Илҳом Ҳотамов маъруф ба "Илҳом Командир" ба 9 соли зиндон маҳкум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Илҳом Шарбатович, маъруф ба “Илҳом Командир” ё “Илҳоми Ботурободӣ” ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. 
Қариб 80 миллионро надодаанд: Шоҳиён гуноҳу ҷазои Исматулло Ҳаёевро эълон кард
Раиси Додгоҳи олӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, "Илҳом Командир" дар барнагардондани қарз ба бонк гунаҳкор дониста шуд. Ӯ таъкид намуд, ки масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани ин афрод ва баргардондани маблағ аз ҷониби онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Додгоҳи Олӣ қарор дорад. 
Номи Илҳом Ҳотамов ки ба тиҷорати пахта машғул аст, моҳи ноябри соли 2019 дар пайи як типарронӣ дар шаҳри Леваканд расонаӣ шуда буд, ки гӯиё ин тирпарронӣ миёни одамони “Илҳом командир” ва моликони бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар рух дода будааст.
Шоҳиён гуфт, ҳукми Кабирӣ содир шуд, вале махфӣ аст
Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ба хонаводаи Соҳибовҳо, яке аз хонаводаҳои маъруфи Тоҷикистон ва наздик ба роҳбарияти ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашуда буд.