ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Далели ба ин ҳол омадани банкоматҳоро масъулони Шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар ва “Амонатбонк”-и минтақа дар нишасти хабариашон, ки ахиран баргузор шудааст, дар набудани пули нақд, кам шудани пули нақд, хомӯш шудани барқ, вайроншавии банкоматҳо ва дигар сабабҳо арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки соли гузашта бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақаи Бохтар дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ 195 терминали пардохтї ва 267 адад QR-рамз насб карда шудааст.
Инчунин гуфта шудааст, ки дар нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО низ бештар дар масъалаи набудани маблағ дар банкоматҳо, набудани маблағ дар баъзе бонкҳо дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар масъалаҳои соҳа суолҳо пешниҳод карда шуд.
Масъулони бонк дар посух зикр карданд, ки вақти он расидааст, шаҳрвандон ба амалиётҳои ғайринақдӣ гузаранд ва ин мушкилҳо аз байн хоҳанд рафт.