Бистарӣ шудани марди 27 - сола дар Душанбе: ӯро лату кӯб карданд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин гумонбар дониста мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сокини шаҳри Душанбе марди 27 -соларо лату кӯб карда, бистарӣ гардонид, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Ноболиғ ҷавони 23 -соларо лату кӯб карду корд зад: шарҳи ВУД
Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Прокурори генералӣ лату кӯб шудани Одинаевро беасос хонд: “иғво аст”
Гуфта мешавад, ки номбурда, 1-уми феврал, ҳангоми дар кӯчаи Шестопалови пойтахт, дар назди мағозаи "Марям" қарор доштанаш, бо марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб намудааст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.