Ҳоли зори маҷмаае, ки панҷ сол пеш аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд

Ин маҷмаа ҳанӯз соли 2016 ба ифтихоти 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Гузаргоҳҳои зеризаминии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд дар ҳолати ҳузнангез ққарор дорад. Ин маҷмаа ҳанӯзи моҳи сентябри соли 2016 аз ҷониби кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.
Маҷмааи "Истиқлол"-и Хуҷанд пас аз сӯхтор: сабаби эҳтимолӣ маълум шуд - акс
Ҳамчунин маҷмааи мазкур ба ифтихори 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шуд.
Бар тибқи маълумоти расмӣ, барои сохтмони маҷмааи таърихӣ - фарҳангии "Истиқлол" дар шаҳри Хуҷанд дасти кам 37 миллион сомонӣ масраф гардид. Агар аз сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин маҷмаа танҳо 5 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ҳолате, ки имрӯз маҷмаа дорад, ба назар чунин мерасад, ки он кайҳо боз сохта шудаву аллакай ниёз ба таъмир дорад.
Ин иншоот, ки бо номи "Тоҷ" дар байни шаҳрвандон маъмул аст, дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда, ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил ёфтааст. Ҳамзамон, ин макон ба харитаи сайёҳоне, ки ба Хуҷанд меоянд, ворид шудааст.
Тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд
Сомонаи  Pressa.tj менависад, девораҳову роҳравҳои ин гузаргоҳ ҳама шикаставу валангоранд, бархе ҷойҳоро кадом масъуле "скотч" часпондаву баъзе қисматҳои харобшударо "фанера" дарбеҳ кардаанд.
"Аммо дар маҷмӯъ, гузаштан аз ин гузаргоҳи харобу валангор бисёр даҳшатнок аст", - таъкид мешавад дар хабар.
Аз ифтитоҳи тантанавии Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии "Истиқлол" ин ҷо гузориши аксиеро ҷо медиҳем, ки худ бевосита аз ободии ин маҷмаа дар панҷ соли пеш шоҳид шавед.