ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тобути ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки падар ва духтар ҳастанд ва аз ҷониби ҳамсари зани марҳум бо як бераҳмӣ қатл шуданд, ба Тоҷикистон интиқол наёфт.
Қаблан бо дархости пайвандони кушташудагон, қарор шуд, ки ҷасади ҳар дуи онҳо барои ба хок супурдан ба Ватан интиқол дода мешавад.
Ҳатто рӯзи таҳвили ҷасадҳо аз Русия ба Тоҷикистон низ маълум буд ва бояд рӯзи шанбе интиқол меёфтанд.
Вале Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Перм изҳор дошт, ки Шӯъбаи тафтишот ба интиқоли ҷасадҳо иҷозат надод, зеро нахуст бояд сари бурида пайваст шавад ва барои ин кор вақт лозим аст.
Зимнан, Хуршед Саидов раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм низ ба РИА Новости хабар дод, ки ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудааст.
Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.
Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.
Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.