ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Ҷасади падар ва духтар бо қарори хонавода, рӯзи шанбе тариқи ҳавопаймо барои ба хок супоридан ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба раиси ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди тоҷикони Перм" Хуршед Саидов.
"Қарор дар бораи равон кардани ҷасадҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби хонавода буд. Ҳамаи корҳо мувофиқи қавонини дини ислом анҷом дода шудаанд. Фардо тариқи хатсайри Домодедово - Душанбе ҷасадҳо интиқол дода мешаванд. Имрӯз хешовандони Расуловҳо парвоз карданд ва соати 4 (соати 2 бо вақти Маскав) бояд ҷасадҳоро аз Перм ба Маскав интиқол медоданд", - шарҳ дод Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми чораҳои тафтишотие, ки ба фиристодани ҷасадҳо халаловар буд, аллакай ба анҷом расонида шуданд.
Саидов қайд кард, ки хонаводаи Расуловҳо дар диаспораи тоҷикони Перм аз иззату эҳтироми хосса бархӯрдор аст.
Дар қатли зан шавҳараш айбдор мешавад ва даст доштани ӯ дар куштори хусураш низ таҳқиқ мешавад. Рӯзи ҷумъа Додгоҳи ноҳияи Дзержинский ҳамчун чораи пешгирикунанда мардро ба муддати ду моҳ маҳбас кард.
Тибқи иттилои кумитаи тафтишотӣ, рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Заостровкаи Перм ҷасади як мард ва дар яке аз ҳуҷраҳои бинои бисёрошёна ҷасади зани ҳомила дарёфт шуд. Гумонбаршуда дарҳол аз ҷониби мақомот боздошт шуд.